расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эълони ғолибони озмуни “Неруи сухан” дар Хатлон

. / Ҷомеа

Эълони ғолибони озмуни “Неруи сухан” дар Хатлон

Ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ тақдим гардид.

Сурат: аз ҷониби муаллифи мавод пешниҳод шуд
Дар остонаи ҷашни Рӯзи матбуот ғолибони озмуни ҳамасолаи “Неруи сухан” байни рӯзноманигорон дар вилояти Хатлон эълон шуданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ” Сайраҳмон Назриев, хабарнигори АИ «Азия Плюс» ва Зокир Ҳасан, хабарнигори газетаи “Ҷумҳурият” ғолиб дониста шуданд.
Дар ҳамин номинатсия ҷойҳои дуюму сеюмро рӯзноманигори “Радиои Хатлон” Ҷумъахон Бобохонов ва рӯзноманигори мустақил Низомиддин Комилов ишғол карданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” Манучеҳр Ҳасанов – хабарнигори нашрияи «Ҳамрози Халқ», Шариф Абдулҳамид – рӯзноманигори нашрияи “Омӯзгор” дар минтақаи Кӯлоб, Махфират Шоимова – котиби масъули маҷаллаи «Сафо» пирӯзӣ ба даст оварданд.
Низомиддин Исоев – хабарнигори ТВ «Сафина» дар вилоят, Ҷумъагул Мирзоева – рӯзноманигори ТВ «Хатлон», Худойдод Раҷабов – хабарнигори ТВ «Тоҷикистон» дар вилоят ғолибони номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” эътироф шуданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)” ҷоизаҳо ба нашрияҳои «Нури Норак», «Набзи Бохтар» ва «Субҳи меҳнат»-и Муъминобод ва дар номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” ба нашрияи Коллеҷи омӯзгории ДДК — «Маърифат», маҷаллаи Раёсати маорифи вилоят — «Мактаб», маҷаллаи Раёсати тандурустии вилоят — “Ганчи Сино” тақдим шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ба ғолибон дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500, 1000 ва 500 сомонӣ супурда шуд.
Гуфта мешавад, аз ҷониби раиси вилоят пешниҳод гардид, ки дар оянда дар доираи озмуни вилоятии эҷодии “Неруи сухан” номинатсияҳои нав “Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия”, “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ва “Беҳтарин котиби матбуотӣ” таъсис дода шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.