расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Айнӣ 3 нафар зери тарма ҳалок шуданд

. / Ҳаводис

Дар Айнӣ 3 нафар зери тарма ҳалок шуданд

Онҳо дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин кор мекарданд.

Акси марбута
Бар асари фаромадани тарма дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар наздикии мавзеи Кумарғи Боло се нафар ҳалок шуданд.
Ин ҳодисаи офати табиӣ дар паҳлӯи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Кооперация 19» рух додааст.
“Бар асари он 3 корманди корхона - сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокини 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав ҳалок шуданд, - хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ. -  Ҷасадҳо аз қабати барф берун оварда шуда, ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд”.
Дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангреза, вазъи мушкил дар роҳҳои мошингарди кӯҳистон боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти КҲФ, дар километри 550-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим низ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
Барои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти истиофдаи роҳи Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо ва оқибатҳои тармафароӣ бартараф шуд. Айни замон роҳҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба макони хатарноки дорои хавфи тармафароӣ худдорӣ варзида, эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.