расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ 67-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС”

. / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ 67-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС”

Шаби 30 август, соати тахминан 21:25 як сокини 67-солаи ноҳияи Панҷ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар километри 22-юми роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ зери чархи мошини "Мерседес” ҷон бохтааст. Рӯзи 29 август дар ду садама дар Душанбе ва Истаравшан ду ноболиғ зери чархи мошин ба ҳалокат расида буд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок шуда, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ҳалокати пиёдагард дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 30-юми августи соли 2020, тахминан соати 21:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ашуров Аҳмадҷон Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат дар 22-юм километри роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ», дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Қодиров Мирзовалӣ Собирович, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Панҷро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қодиров М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.