расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Додситонеро, ки дар Душанбе ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд

Ҷомеа / Ҳаводис

Додситонеро, ки дар Душанбе ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд

Мақомоти интизомӣ Сайфиддин Баҳриддинзода, як масъули додситони ноҳияи Шоҳмансури Душанберо, ки пас аз айбдор шудан ба қаллобӣ фирор карда буд, боздошт кардаанд.
Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфт, “Баҳриддинзода ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муввақатии ШВКД-и ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад”.
Дар куҷо ва дар чӣ шароите боздошт шудааст, ҳоло дақиқ нест.
Додсититонии кулли Тоҷикистон охири моҳи феврал нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” айб эълон кард.
Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ аз мақомоти тафтишотӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки “дар ҳашт ҳолат ҷабрдидаҳо шаҳодат додаанд, ки Баҳриддинзода аз онҳо маблағ ситонидааст”.
Сайфиддин Баҳриддинзода моҳи январ ёрдамчии додситони ноҳия Шоҳмансур таъин шуд ва аз ин пеш дар додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор мекард.
Ба гуфтаи мақомот, нисбат ба ӯ замоне парванда боз шуд, ки нафаре бо номи Давлатшоҳ Гиёев, як сокини Душанбе бо гумони талаби пора аз як тоҷир боздошт шудааст. Ин нафар шоҳидӣ додааст, ки ӯ бо супориши Баҳриддинзода ин корро анҷом додааст.
Назриддин, нафаре, ки худро аз хешовандони додситони боздоштшуда унвон кард, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "умедворанд, ки тафтиш одилона мешавад".
Ӯ гуфт, "бисёре аз гапҳо нисбат ба Баҳриддин тӯҳмат аст ва бовар дорем, ки суд бегуноҳиашро исбот мекунад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.