расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Акнун «клентои» фоҳишаҳоро низ ҷазо медиҳанд

. / Ҷомеа

Акнун «клентои» фоҳишаҳоро низ ҷазо медиҳанд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ташаббуси ҷорӣ кардани муҷозоти шадид барои занони фоҳиша ва ҳам муштариёни онҳо баромад кард.
Лоиҳаи иловаҳо ба Кодекси оила инчунин ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайн барои соҳибони далла ва фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад.

Тарҳи қонун дар бораи тағирот ва иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон рӯзи 11 январ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ шуд ва интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ба тасвиб расад.
Муҳокимаи мавзӯи танфурӯшӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар солҳои охир чизи нав нест. Мақомот мегӯянд, ки онҳо талош доранд афзоиши ин падидаро тавассути «корҳои фаҳмондадиҳӣ» ҷилавгирӣ кунанд. Аммо бахши ғайриҳукуматӣ, камбуди, шуғл ва даромади занонро сабаби афзоиши ин гурӯҳи аҳолӣ меномад. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, ки маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайн бояд асоснок бошад.
Дар Тоҷикистон танфурӯшӣ ҷинояти онқадар ҳам вазнин ҳисоб намешавад, ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, тибқи моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои танфурӯшӣ аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Агар «коҳини муҳаббат» дубора боздошт шавад, вай ба ҷазои сахттар дучор хоҳад шуд: ҷарима аз 1650 то 2750 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ 15 рӯз.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.