расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ронандаи бадмасти фирорӣ

. / Ҳаводис

Боздошти ронандаи бадмасти фирорӣ

1543
Рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 01:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «РХ 350» рақами қайди давлатиаш 9555 РР 03, Ҷурабеков Азизбек, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳолати мастӣ автомашинаи мазкурро идора намуда, ҳангоми ҳаракат дар маркази ноҳияи мазкур, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон менамояд ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар аз сокинони ноҳияи номбурда, Гулзода Музафар ва Маҳсуддизода Бохтоварро, ки дар канори роҳ қарор доштанд, пахш намуда, ба онҳо кумаки аввалиндараҷа нарасонида, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи бадмаст аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Зимни пурсиш Ҷурабеков Азизбек иброз дошт, ки дар ҳиқиқат санаи мазкур дар ҳолати мастӣ қарор доштаву аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
1542
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.
Офоқ Қодириён

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.