Ошкор гардидани ҷинояти роҳзанӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми феврали 2021, шахси номаълуми ниқобпӯш ба мағозаи хусусиаш “Умар”, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии пойтахт даромада, бо корд таҳдид карда, ба дасти рости ҷабрдида зарба зада, ягон чизро нагирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-сола, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад