расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷомеа ба занону духтарони соҳибмаърифат ниёз дорад

. / Ҷомеа

Ҷомеа ба занону духтарони соҳибмаърифат ниёз дорад

«Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Эмомалӣ Раҳмон
1036
Дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии курсантдухтарони Академияи ВКД бо сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баргузор гардид.
Сардори Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирнишон сохт, ки илму маърифат дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор доштанд, китобдору китобхон буданд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корномаҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштанд. Иқдоми наҷибе, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа, яъне эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» давоми мантиқи гуфтаҳои болост. Вазифаи шумо ҷавонон -курсантдухтарони Академияи ВКД имрӯз бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан, иштирок намудан дар озмунҳои номбурда мебошад. Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бинои замонавии Академияи ВКД ҶТ, муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, синфхонаҳои замонавӣ, толорҳои бошукӯҳ, варзишгоҳ, китобхонаҳои умумиву электронӣ ба мо ҳадя гардидааст. Ин ҳадяи шоҳонаи Пешвои миллат, бахусус шумо ҷавондухтаронро водор месозад, ки донишу малакаи баланди тахассусӣ дошта бошед ва дар оянда ҳамчун корманди болаёқат, забондон, содиқ ба Савганд, барои Ватан - Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат кунед. Ғамхории пайвастаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., нисбати занон ва духтарони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки шумо курсантдухтарон ва занон-кормандон ба хизмат ҷалб намешавед, дар давлатҳои хориҷӣ занону духтарон-кормандони полис дар қатори мардон ба хизмати шабонарӯзӣ ҷалб мешаванд. Вазифаи аввалиндараҷаи шумо шогирдон дониши аъло ва риояи талаботи Оиннома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти МКД-ро ба танзим медароранд, мебошад. Солҳои пеш дар Академия аз 1 то 2 нафар духтар таҳсил мекард, лекин имрӯз, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа хеле баланд рафтааст, Фармон, Стратегия, Консепсия ва дигар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки ҳадафи қабули ин санадҳо арҷ гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад, ба он оварда расонид, ки шумораи занону духтарон дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо суръати баланд рӯ ба зиёдшавӣ овард.
1037
Имрӯз дар Академияи ВКД шумораи курсантдухтарон хеле зиёданд. Ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхориҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. шумо духтарон-курсантони Академияи ВКД-ро водор месозанд, ки ҳастии хешро барои сайқал додани донишу малака ва маҳорати касбӣ ба харҷ диҳед, дар озмунҳо фаъолона иштирок намуда, савияи забондонии худро сайқал диҳед ва бо ин васила исбот намоед, ки мардуми тоҷик аз бостон китобдору китобхон буданд.
Курсантдухтароне, ки аз оилаҳои кормандони фавтидаи МКД, аз ноҳияҳои дурдаст, аз оилаҳои камбизоат дар Академияи ВКД таҳсил мекунанд ва дар хобгоҳ зиндагонӣ мекунанд, ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва сардори академияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. минатдории хешро баён намуданд ва ваъда доданд, ки Академияро ба баҳои аъло хатм мекунанд ва дар оянда бо донишу малакаи хуби касбӣ ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд.
Давлатшоева Азиза, Сафарова Саида

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.