Сироҷзода: Туй дар маҳбас зиёду талоқ нест


Саодат Сироҷзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 дар маҳбасҳои кишвар 143 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.

Сироҷзода имрӯз, 25-уми январ изҳор дошт, ки хонадоршавии маҳбусон дар соли 2016 афзоиш ёфтааст: “Соли 2015 125 ҳолати издивоҷи маҳбусон сабт гардида буд”.

Ба гуфтаи сардори САҲШ бархе нафарон бори аввал дар маҳбас хонадор мешаванд: “Ҳастанд ҳолатҳое, ки ҷавонон фотиҳа шудаанд, аммо нафаре аз онҳо ба маҳбас меафтад ва дар маҳбас издивоҷ мекунанд. Инчунин ҳолатҳое ҳастанд, ки маҳбусон оиладоранд, аммо никоҳашон расман ба қайд гирифта нашудааст. Барои дидорбинӣ дар пайи аризаи ҷонибҳо никоҳи онҳо расман ба қайд гирифта мешавад”.

Ба суоли “Озодагон”, дар мавриди талоқ Сироҷзода изҳор дошт, ки соли гузашта ягон ҳолати бекор кардани ақди никоҳ дар маҳбасҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмуъ ба иттилои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли гузашта дар кишвар 72 ҳазору 463 ақди никоҳ баста шуда, 8 ҳазору 891 адад бекор гардидаанд. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон