расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 3 кас дар роҳҳои Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз

. / Ҳаводис

Ҳалокати 3 кас дар роҳҳои Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз

Ҳамаи садамаҳои нақлиёти марговар бо иштироки автомашинаи “Опел Астра” рух доданд.

Акси марбута
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент Ҷобир Самандаров рӯзи 9 феврал дар роҳи Панҷакент-Айнӣ дағалона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дучархаи скутери сокини 64-солаи маҳаллӣ Муҳаббатқул Ҷумъаевро пахш мекунад.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа аз ҷраоҳатҳои бардошта соҳиби скутер дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи “Опел Астра” зани 37-солаи сокини ноҳияи Спитамен Гулмира Эрганшева дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба автомашинаи боркаши “ЗИЛ бармехӯрад, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд.
Бар асари ин садамаи нақлиёт Эргашева ҳалок ва 2 нафар мусофирони он дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар ҳодисаи дигар автомашинаи “Опел Астра” зери идораи сокини 19-солаи ноҳияи Кӯшониён Толибшоҳ Хоҷаев дар роҳи маҳаллӣ велосипедрон Ҳасан Бобоеви 52-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар хабари ВКД зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Мувофиқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи маргу мир дар Тоҷикистон дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ҳамасола 19 нафар ба ҳар як 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.