расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бесабаб ба синаам корд зад: шикояти як сокини Бохтар ба милиса

. / Ҳаводис

Бесабаб ба синаам корд зад: шикояти як сокини Бохтар ба милиса


Мард ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят кардааст, ки гумонбаршаванда бидуни ягон сабаб бо ӯ ҷанҷол карда, ба қафаси синааш корд задааст
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 22 август, тахминан соатҳои 2-и шаб рух додааст.
"Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми августи соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур, дар назди мағозаи хӯроквории бо номи “Муҳсин» қарор доштанаш марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба поёни қафаси синааш задааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар шаҳраки Саразм додаре бо 8 зарбаи корд бародари 62-солаашро кушта буд.
Таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.