расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”: номаи баъди худкушии донишҷӯи фаъол дар Бохтар

Ҷомеа / Ҳаводис

“Намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”: номаи баъди худкушии донишҷӯи фаъол дар Бохтар

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар эълон доштааст, ки соли 2020 ду донишҷӯяш худкушӣ кардаанд. Ин донишҷӯён сокинони ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ буданд
 Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,  зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки худкушии донишҷӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад, иттилоъ додааст сомонаи Pressa.tj. 
“Донишҷӯёне, ки худкушӣ кардаанд, бисёр донишҷӯёни фаъол буданд. Бо баҳои хуб таҳсил мекарданд. Худкушии донишӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад”, - гуфт номбурда.
Дар ҳамин ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар зикр намудааст, ки яке аз онҳо пеш аз худкушӣ кардан дастхате  навиштааст.
Дар ин дастхат донишҷӯ навиштааст: “Ба марги ман касе гунаҳгор нест, ҷуз худам. Ман намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”.
Бояд гуфт, ки ахиран дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуда буд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 149 ҳодисаи сӯиқасд ва худкушӣ сабт шуда аст, ки назар ба соли 2019 шаш дарсад камтар мебошад.  

Read more: https://sputnik-tj.com/education/20210208/1032781369/khudkushi-donishju-Bokhtar-.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.