расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷузъиёти ҳодисаи ваҳшиёнаи Перм, ки тоҷике ҳамсари ҳомилаву хусурашро кушт

. / Ҳаводис

Ҷузъиёти ҳодисаи ваҳшиёнаи Перм, ки тоҷике ҳамсари ҳомилаву хусурашро кушт

Бархе расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ҳамсари кушташудаи ин ҷавон ҳомила будааст.

Сурат: 59.ru
Расонаҳои русӣ бархе аз ҷузъиёти қатли ваҳшиёня як ҷавонзан ва падарашро аз сӯйи ҳамсараш нашр кардаанд. 
Бино ба иттилои хабаргузории kp.ru куштор баъд аз муноқишаи оилавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанд сол пеш ба Перм омада буданд сар задааст. Ҳамсари 21-соладар дохили ҳуҷраи истиқоматӣ  ва падари ӯ дар кӯчаи наздик ба бино бо зарби чанд корд кушта шудаанд.
“Дар манзили онҳо муноқиша сар зад. Зани 21-сола ба шавҳараш гуфтааст, ки намехоҳад фарзанди сеюм таваллуд карда бо ӯ зиндагӣ кунад. Зану шавҳар ду тифли якуним ва ҳамагӣ 4-моҳа доранд. Суханони зан мардро ба ғазаб овардааст ва ӯ кӯдаконро ба ҳуҷраи ҳамсоя гузошта сипас бо корд сари зани ҳомиларо буридааст. Пас аз ин ҳодиса мард ба хусураш занг задааст, ки ӯ аз бозор ба хонааш бармегашт. Гумонбар хусурашро дар кӯча бо зарби чанд корд мезанад ва пирамард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Пештар расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки дар шаҳри Перми Русия як ҷавони тоҷикро бо гумоyи куштори ваҳшиёнаи ҳамсари ҳомила ва хусураш боздошт кардаанд. Ҳодиса шоми 3 феврал дар кӯчаи Маяковский, ноҳияи Дзержинский дар назди даромадгоҳи як бинои баландошёна рух додааст. Бино ба иттилои расонаҳо ин хонавода аз ноҳияи Тоҷикобод буда чанд соли ахир дар Перм ба сар мебурданд.
Кумитаи тафтишотии Перм аз рӯйи ин ҳодиса бар асоси қисми 2-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия "қатли ду нафар" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар як гузориши видеоӣ гуфта мешавад дар биное, ки куштор сар задааст аксаран тоҷикон ба сар мебаранд ва ҳодиса дар пайи муноқишаи се рӯзаи зану шавҳар сар задааст. Зан хостааст аз шавҳараш ҷудо шавад ва фарзандонашро бо худ ба хонаи волидонаш бурда, исқоти ҳамл кунад. Ҷавони боздоштшуда дар тафтишоти пешакӣ ба мақомоти полис гуфтааст “ду корд ба ниҳояти синаи занам зада баъдан сарашро буридам”.
Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ мард Шоҳназар ном дошта ва ин хонавода аз ноҳияи Тоҷикобод мебошанд. Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар Перм ба Озодӣ гуфтааст ҳодиса дар пайи моҷарои оилавӣ рух додааст. “Шавҳар аз занаш хостааст, ки фарзанд таваллуд кунад, вале ӯ бинобар вазъи нохуби саломатӣ вориди баҳс шудааст. Ҳамин тавр, кор ба куштор кашида шудааст”.
Гуфта мешавад гумонбар 26-сол дошта аз сӯйи кормандони полис боздошт шудааст. Расонаҳои русӣ менависад нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе гумонбар ба маҳалли фоҷиа кӯчаҳои Есенин ва Маяковский оварда шуда нишон додааст, ки чӣ тавр даст ба куштор задааст. Фарзандони ноболиғи ин хонавода ба як муассисаи иҷтимоии Перм бурда шудаанд.
Акс аз 59.ru
Хабаргузории 59.RU, ки ин қазияро аз оғоз то анҷом пайгирӣ карда навиштааст, ки  зани 21-солаи фавтида ҳомила буд ва дар батн кӯдаки се ё чаҳормоҳа дошт ва дар ҳеҷ куҷое кор намекард, хонашин буд. Ҳамсари ӯ, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст дар бозори маҳаллӣ боркашонӣ мекард. Ин оилаи ҷавон ду фарзанд, писари 4-моҳа ва духтари якунимсола доштанд. Ҳамсояҳоба расонаҳошоҳидӣ додаанд, ки дар манзили зисти ин хонавода ҳеҷ гоҳ доду фарёди зану шавҳарро нашунида буданд. Зану шавҳар ду сол пеш издивоҷ намуда, як тӯйи пуровозаву зебоеро баргузор кардаанд. Ҷавондухтар аз хона намебаромад ва ҳамсояҳо кӯдакони онҳоро дар кӯча низ намедиданд гуфтааст яке аз ҳамсояҳо.
“Дар ҷойи марди кушташуда издиҳоми тақрибан саднафара гирд омаданд. Онҳо аксаран тоҷикон буданд. Дар аввал мардум фарёд заданд ва вақте гумонбарро боздошт карданд, одамон барфҳои хунолуди кӯчаро тоза карданд”,-
Роҳбари Шӯрои занони диаспораи тоҷикон Қурбонгул Сиярова гуфтааст аз тафсилоти қазия огаҳ нест. Ва илова намудааст "онҳо хуб зиндагӣ мекарданд ва намояндагони диаспора ба маросими дафни духтари кушташуда ва падари ӯдар хонаи волидони духтар дар кӯчаи Маяковский омдагӣ мегиранд”.
“Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд ҳарчанд соли ахир ин хонавода ба диаспораи тоҷикон одат карда буданд. Ин хонаводаи ҷавон одамони боодоб буданд, бо онҳо ҳеҷ ихтилофе набуд. Ин аввалин куштори ваҳшатнокест, ки сокинони маҳалла бо он рӯбарӯ шудаанд”.
Акс аз 59.ru
Ҳамсояҳое, ки як ошёна боло аз манзиле, ки дар онҷо куштор рух додааст ба сар мебаранд ба расонаҳо гуфтаанд  қабл аз ин тоҷикон, дар ин манзил русҳо бо шӯру ғавғо зиндагӣ мекарданд ва аксаран муноқишаи худро доштанд. Аммо баъди омадани тоҷикон ба ин ҳуҷра оромона зиндагӣ мекарданд,- гуфтаанд ҳамсояҳо.
Бино ба навиштаи расонаҳо дар биное, ки куштор дар он ҷо сар зад аксаран тоҷикон умр ба сар мебаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.