расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Ромит ду шикорчӣ зери тарма монданд

. / Ҳаводис

Дар Ромит ду шикорчӣ зери тарма монданд

Ҷасадҳои онҳо баъди як шабонарӯз дарёфт шуд.


Сурат: хадамоти матуоти КҲФ ва МГ ҶТ
Ду сокини деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шудаанд.
Тавре ки котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, муовини раиси ҷамоати зикршуда ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат мекунад.
“Барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд”, - гуфт котиби матбуотии Кумита.
Ҳамроҳи аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфту аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.
Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд.
“Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад”, - қайд кард Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.