расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ду нафар бо ҷурми дуздии чорво

. / Ҳаводис

Боздошти ду нафар бо ҷурми дуздии чорво

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак 4-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 38-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Дуконии ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.