Ванҷ: Марг дар натиҷаи сангрезӣ


Дар натиҷаи афтидани санг ба  болои мошин дар роҳи Душанбе-Хоруғ як нафар фавтидааст.
Бино ба иттилои мақомот ҳодиса 14-уми март тахминан соати 15:00 дар километри 440-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ рух додаст: “Аз кӯҳ санг афтида, ба тарафи рости автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро” таҳти идораи марди 32-сола, сокини ноҳияи Ванҷ бархӯрдааст”.

Дар пайи бархӯрд як зани мусофир, сокини 59-солаи ноҳияи Ванҷ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон