расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Оҷонсии маводи нашъовар: хариду фурӯши маводи мухаддир тавассути интернет нигаронкунанда аст

. / Ҳаводис

Оҷонсии маводи нашъовар: хариду фурӯши маводи мухаддир тавассути интернет нигаронкунанда аст

Сурат: Asia-Plus
Оҷонсии назорати маводи нашъовар аз раҳ ёфтани хариду фурӯши маводи мухаддир ба интернет нигаронии шадид мекунад.  Мудири Оҷонсӣ Ҳабибулло Воҳидзода мегӯяд, ки ин яке аз роҳҳои нави гардиши ғайриқонунӣ ё хариду фурӯши маводи нашъовар аст, ки моро нигарон кардааст. 
"Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳамаги як ҳолати хариду фурӯши маводи нашъовар тавассути интернет ошкор шудааст, аммо ин мавзъу яке аз масъалаҳои ташвишовар мебошад. Дар кишварҳои ҳамсояи мо ин зиёд аст  ва чун тиҷорати электронӣ рӯз то рӯз рушд карда истодааст, эҳтимол дорад ин бахш ҳам зиёд шавад.  Барои ҳамин мо омодагии худро барои пешгирии ин корҳо дида истодаем", - гуфт дар нишасти хабарӣ Воҳидзода. 
Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки онҳоро зиёд шуднаи маводи равонгардони маснуъӣ (психотропии синтетекӣ) нигарон кардааст. Ҳарчанд дар соли 2020 мусодираи маводи  нашъовар аз рӯйи миқдор кам шуда бошад ҳам, лек мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 15 кг-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 9 кг ё 2,5 маротиба зиёд аст, гуфт мудири оҷонсӣ.
Пештар сару садоҳое расонаӣ шуда буд, ки гуруҳҳои махсусе ҳастанд, ки маводи равонгардони маснуъиро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аммо Воҳидзода дар нишасти хабарӣ аз вуҷуди ин гуна гуруҳо дар Тоҷикистон гуфт, аммо аз гуруҳҳои мушаххасе ном набурд ва ному насбаи касонеро ҳам, ки ба ин кор сару кор мегиранд расонаӣ накард. 
"Ин мавод ҳама аз хориҷи кишвар  ворид карда мешавад. Зеро ин моддаҳо дар Тоҷикистон коркарду истеҳсол намешаванд. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи истеҳсоли ин гуна мавод вуҷуд надорад. Мо гуруҳҳову нафаронеро, ки ба ин чиз сару кор доштан дастгир кардаем ва ҳамчунин дар сам боз кор карда истодаем".
Ба гуфтаи ин ниҳод дар Тоҷикистон шумораи нашъамандоне, ки расман сабти ном шудаанд коҳиш ёфтааст. Ҳамагӣ 5099 нафар номнавис шудааст, ки 276 нафар камтар аз соли 2019 будааст. Бино ба ҳисоби ин ниҳод бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 55 нашъаманд рост меомадаст, ки дар қиёс бо кишварҳои дигар  нишондиҳандаи хеле паст будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.