расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Набиҷон Мустафозода: "Марги ҳар муҳоҷири тоҷик дар Русия дардовар аст"

. / Муҳоҷир

Набиҷон Мустафозода: "Марги ҳар муҳоҷири тоҷик дар Русия дардовар аст"

Набиҷон Мустафозода

Набиҷон Мустафозода мегӯяд, тақрибан бист сол боз дар Русия аст ва ҳамчун вакили мудофеъ кор мекунад ва заҳмату мушкили муҳоҷирон барояш бегона нест. "Рози муҳоҷир" маҷмӯаи шеърии ӯст, ки чанде қабл дар нашриёти "Адиб" дар Тоҷикистон чоп шуд.
Фарзон Муҳаммадӣ: Дар яке аз шеърҳои худ мегӯед,
"Кремл дар барам, Маскав калон аст,
Дар ин ҷо умри ширин дав-давон аст.
Зи умри рафтаи худ ғам надорам,
Ғамам аз марги чандин навҷавон аст..." Чиро дар назар доред?
Набиҷон Мустафозода: "Ин мисраъҳоро барои он навиштам, ки ҷавонии мо дар Русия барбод меравад. Вақте мебинам, ҳамватане дар ғурбат ҷон медиҳад, худро ҳеч меҳисобам. Марги ногаҳонии вайро падару модар, агар фарзанд дошта бошад, фарзандаш чӣ хел қабул мекунанд. Рӯзи сахт аст. Бигзор аз бом афтод ё бо аҷали худ фавтид, мошин зад ё бо ягон беморӣ даргузашт, фарқ надорад. Вай ноновари хона буд."
Фарзон Муҳаммадӣ: Шеърҳо танҳо хаёл нестанд, баъзан бар асоси воқеаҳои ҳаётӣ навишта мешаванд. Оё худ шоҳиди кору марги муҳоҷирон дар Русия будед?
Набиҷон Мустафозода: "Чунин ҳодисаҳо дар онҷо зиёд аст. Бахусус, бо пайдо шудани коронавируси нав мардум натавонистанд дар моҳҳои аввали соли гузашта ҷасади муҳоҷиронро ба Ватан фиристанд. Бисёре аз ҷасадҳоро дар Русия дафн кардем. Падару модарон рӯйи фарзандони худро надиданд. Ин бисёр дардовар аст."
Фарзон Муҳаммадӣ: Шумо чаро ба муҳоҷират рафтед?
Набиҷон Мустафозода: "Дар даврае, ки рӯ ба муҳоҷират овардам, зиндагии хуб надоштам ва барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ рафтам. Дигар чора набуд. Ҳоло, Худоро шукр, зиндагиям на олӣ ва на бад аст. Хуб мегузарад, вале зиндагиро дар онҷо хуб намеҳисобам. Агарчи дар паҳлӯи Кремл хона дошта бошам ҳам, худро таҳҷоӣ ё соҳиби кишвар ҳис карда наметавонам."
Фарзон Муҳаммадӣ: Ихтисоси аввалро дар Тоҷикистон гирифтаед ва марбути соҳаи физика аст. Чӣ зарурат пеш омад, ки дар Маскав ҳуқуқшиносиро хонед?
Набиҷон Мустафозода: "Солҳое, ки бисёриҳо ба муҳоҷират рӯй оварда буданд, як нафар мегуфт, хонда равед. Мо дуруст ин гапро намефаҳмидем. Мегуфт, бигзор кӯчаруб шавед, вале диплом дошта бошед. Мегуфтем, наход диплом гирему боз кӯча рӯбем? Баъд дар сохтмону бозор ва ҷойҳои дигар кор кардем. Дидем, ки мардуми таҳҷоӣ ба касе, ки маълумоти олӣ ва ҳунаре дорад, муомилаи нек мекунанд. Ҳамин чиз водор кард, ки боз соҳиби маълумоти дигар шавам. Масъалаи дигар ин аст, ки заҳмату азоби муҳоҷиронро бо чашми худ дидам ва дар тани худ эҳсос кардам ва хостам, бо ҳуқуқдонӣ ба ҳалли мушкили ҳамватанон дар ғурбат бирасам."
Фарзон Муҳаммадӣ: Яъне, ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ мерасонед? Онҳо бештар бо чӣ мушкилҳое дучор мешаванд?
Набиҷон Мустафозода: "Мушкилиашон ин аст, ки бисёр мардуми зудбоварем. Дар ҷое кор мекунанд, ки шартнома надоранд ва корфармоҳо фиреб мекунанд. Муҳоҷирон бисёр мардуми пуртоқатанд. Баъзе аз ширкатҳо дар аввал каме пул медиҳанд ва мардум дар идома зиёд маблағ талаб намекунанд. Бо ҳамин, баъди корро ба анҷом расондан маблағро гирифта наметавонанд ё ба истилоҳ “кидат” мешаванд. Як мушкилии дигари онҳо ҳамин аст, ки ҳанӯз забони русиро хуб намедонанд."
Фарзон Муҳаммадӣ: Ва дар охир дубора баргадем ба "Рози муҳоҷир". Имкон дорад, ки шеъри дигареро дар бораи шаҳрвандони муҳоҷири мо бихонед?
Набиҷон Мустафзода:
"Парешон аст тухми мо ба базри ҷумлаи олам,
Бисоти ин ғарибиро вале бо чӣ биороям?
Ба ҳар дарде давое ҳаст, андар ҳар табобатгоҳ,
Ғарибӣ ҳам аҷал бошад, чӣ гуна ман биосоям?
Қабои хусравӣ дар бар насибам шуд агар инҷо,
Шавад зебо агар онро ба хоку гил биороям.
Набӣ гӯяд зи мағзи ҷон, аё, эй ҳамватан бошӣ,
Касе з-ин пас нанолад то чӣ хоҳад гашт фардоям?"








Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.