расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Қирғизистон аз 1 сентябр ба узбекистониҳо иҷозати вуруд медиҳад

. / Ҷомеа

Қирғизистон аз 1 сентябр ба узбекистониҳо иҷозати вуруд медиҳад


Фурудгоҳи байналмилалии Манаси Қирғизистон

Қирғизистон сар аз 1 сентябр Узбекистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад кард, ки дар робита ба коронавирус ё СOVID-19 вазъи муътадили эпидемиологӣ доранд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон иттилоъ дод.
Ҳамин тариқ, Узбекистон 32-умин кишваре хоҳад шуд, ки аз нигоҳи мақомоти қирғиз, дар онҳо коҳиши мубталошавӣ ба коронавирус ва эътидоли вазъи эпидемиологӣ мушоҳида мешавад.
Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд, ба Қирғизистон ворид шаванд, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Туркманистон, Белгия, Австрия, Бритониё, Олмон, Ирландия, Исландия, Итолиё, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Португалия, Туркия, Швейтсария, Шветсия, Қатар, АМА, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Покистон, Словения, Кувайт ва Ҷопон шомил шудаанд.
Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин рӯйхат афзоиш дода хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.