расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Жээнбеков ба Ҳаҷҷ рафт ё Қирғизистонро тарк кард?

. / Ҷомеа

Жээнбеков ба Ҳаҷҷ рафт ё Қирғизистонро тарк кард?

Ӯ ҳамроҳи хонаводааш субҳи 2-юми феврал тарки ин кишвар кардааст.

Сурат: president.kg
Президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо аҳли хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Хабаргузории 24.kg ба истинод ба манбаъҳои наздик сарвари собиқи давлат ин хабарро расонаӣ кардааст. Сооронбой Жээнбеков 28-уми январ дар маросими савгандёдкунии Содир Ҷаббаров президенти тозаинтихоби Қирғизистон ҳузур дошт.
Хабаргузориҳои қирғизӣ навиштааст, Жээнбековаз аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул ва сипас ба Ҷидаи Арабистони Саудӣ парвоз кард. Котиби муатбуотии Сооронбой Жээнбеков ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, президенти пешин субҳи 2-юми феврал ҳамроҳи ҳамсараш барои адои маросими Умра (Ҳаҷҷи Умра) ба Макка сафар кард.
Бархе аз расонаҳои дигари қирғизӣ навиштаанд, ки Жээнбеков кишварро тарк кардааст, зеро ӯ бояд 3 феврал дар  додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек дар парвандаи муовини собиқи сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шоҳидӣ медод.
Аммо сухангӯйи Жээнбеков гуфтааст “Сооронбой Жээнбеков ин сафарро аз моҳи ноябри соли 2020 ба нақша гирифта буд. Азбаски, бо назардошти пандемия, вуруд барои ҳоҷиён маҳдуд карда шудааст, тибқи тартиби муқарраршуда барои адои маросими Умра, розигии расмии ҷониби Саудӣ лозим буд, ки  ризоият дар аввали моҳи феврали соли 2021 гирифта шуд”.
Вай илова кардааст, ки Умра беш аз 10 рӯз идома хоҳад кард ва сипас Сооронбой Жээнбеков ба Бишкек бармегардад.
Ҳамчунин бархе ширкатдорони рӯйдодҳои октябр дар Қирғизистон дархост карданд, ки президенти собиқ аз сӯйи  Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Издиҳоми рӯйдодҳои моҳи октябр бар он боваранд, ки Сооронбай Жээнбеков ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.