расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷавонзани 18-сола бо гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир шуд

. / Ҳаводис

Ҷавонзани 18-сола бо гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир шуд

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.