расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Марди қаблан судшуда боз ба қлобӣ даст зад

. / Ҳаводис

Марди қаблан судшуда боз ба қлобӣ даст зад

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 338 қисми 2 ва 338 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дидаву дониста, ки қитъаи замини собиқ (Роҳи Ленин)-и ноҳия ба заминҳои корами обӣ мансуб буда, танҳо мувофиқи таъиноташ истифода бурда мешавад, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тахминан моҳи майи соли 2016, ба боварии марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, барои ҷудо намудани 0,07-га қитъаи замин дар якчанд ҳолат, дар маҷмӯъ маблағи 42 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, қитъаи замини болозикршударо ҷудо намуда додааст.
Дар ин давом гумонбаршаванда кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, бинобар сабаби маблағи муфти зиёдтар ба даст овардан ба боварии марди 50-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи мазкур даромада, барои ҷудо намудани қитъаи замине, ки қаблан ғайриқонунӣ ба марди 51-сола ҷудо намуда буд, дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 96 ҳазор сомонӣ гирифта, такроран ба марди 50-сола қитъаи замини болозикршударо ҷудо намуда додааст.
Бинобар ин байни ҳарду ҷабрдида баҳс ба миён омада, дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунии гумонбаршаванда ба онҳо ба маблағи 138 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонида шудааст.
Ба ғайр аз ин гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2020, қасдан 15-адад дарахтони зардолуи ғафсии қутрашон аз 29 см то 32 см дар ҳолати сабзиш бударо, ки ба ҳоҷагии деҳқонии “Зикамо” тааллуқ дорад, бурида, тибқи санади бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба хоҷагии деҳқонии “Зикамо” ва ҳифзи муҳити зист ба маблағи 10 ҳазору 800-сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 3, 255 қисми 1 ва 338 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.