расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Барои дар мансаб боқӣ мондан доштани шаш маҳорат зарур аст

. / Ҷомеа

Барои дар мансаб боқӣ мондан доштани шаш маҳорат зарур аст

Вазири адлия инро шарҳ дод.

Мансабдорони тоҷик
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ, акси марбута
Аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 бо супориши президенти Тоҷикистон санҷиши сатҳи тахассусӣ ё худ аттестатсияи кормандони сохторҳои хизмати давлатӣ гузаронида шуд.
Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён дар ин робита изҳор кард, ки санҷиш дар мақомоти молия, андозу гумрук, кормандони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва “Амонатбонк” гузаронида шуд.
Ба гуфтаи ӯ, санҷиши кормандони сохторҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шуд.
Вазир қайд кард, ки дар ин давра 7 ҳазору 523 нафар кормандони сохторҳои зикршуда аз санҷиш гузаштанд.
“Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия шахсони тасодуфӣ, ғайриҳирфаӣ ва номуносиб аз кор аз сохторҳои зикршуда озод шуда, чанде аз онҳо ба вазифаи зинаҳои пасттар гузаронида шуданд”, - иброз дошт вазири адлия.
Дар ҳамин ҳол, вазир шумори саҳеҳи мансабдорони давлатиеро, ки аз санҷиш нагузаштаанд, номбар накард.
“Дар ҷараёни санҷиш ба омодагии касбӣ, корӣ ва умумии кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, инчунин сатҳи забондонии онҳо, қобилияти тадорукотӣ ва малакаҳои кор дар комптер ба инобат гирифта шуд”, - зикр кард вазир.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.