расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Меҳрубон Сангинов дар набарди бокси ҳирфаӣ бар муштзани амрикоӣ ғолиб шуд

. / Ҷаҳон

Меҳрубон Сангинов дар набарди бокси ҳирфаӣ бар муштзани амрикоӣ ғолиб шуд

Меҳрубон Сангинов пас аз пирӯзи дар як сабқат дар шаҳри Душанбе

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, ки дар як набарди бокси ҳирфаӣ бар Куинси Лаваллеи амрикоӣ ғолиб омад, соҳиби унвони ғолиби WBA NABA дар вазни ниммиёна гардид.
Рақобати Сангинов бо Лавалле, ки 30-юми январ дар шаҳри Майамии иёлати Флоридаи ИМА баргузор шуд, ҳашт раунд идома кард ва дар натиҷа муштзани тоҷик бо баҳогузории доварон аз рӯи имтиёзҳо ғолиб дониста шуд: 77:74, 76:75, 76:75.

Меҳрубон Сангинов аз соли 2016 ба бокси ҳирфаӣ гузаштааст. Дар ин муддат ӯ 10 рақобат баргузор карда, дар нӯҳтоаш дастболо шудааст ва як қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Моҳи сентябри соли 2019 рақобати Сангинов бо муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ бо қарори доварон мусовӣ эълон шуда буд.
Ёдовар мешавем, Меҳрубон Сангинов соли 2017 дар набарди бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи назари WBB даст ёфта буд.
Ин муштзани маъруфи тоҷик мегӯяд, ки бокс барои ӯ на танҳо пирӯзӣ дар ринг аст. "Ин имкони хубест барои пайдо кардани дӯстони нав, васеъ кардани ҷаҳони ошноӣ. Бокс ба саломатӣ кӯмак мекунад - ҳар рӯз машқ кунед, шумо худро хеле хуб ҳис мекунед. Ман ҳеҷ гоҳ хаста намешавам. Барои ман чизи асосӣ аҳамияти тарбиявии бокс аст", - гуфт Меҳрубон Сангинов.
Меҳрубон Сангинови 25-сола, ки зодаи пойтахти Тоҷикистон аст, аз соли 2017 вазифаи раиси Федератсияи бокси Душанберо ба зимма дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.