расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Як донишҷӯ устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардааст

. / Ҷаҳон

Як донишҷӯ устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардааст

Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷмент ва маркетинги байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муаллими худро бо корд захмӣ кардааст.
Маъмурони донишгоҳ аз ифшои ному насаби донишҷӯи ҳамлавар бинобар ҷараён доштани тафтишот худдорӣ карданд. Масъулон мегӯянд, донишҷӯ Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетингро барои нагузоштани баҳо ва даъват кардани падараш захмӣ кардааст.
Назруллоҳ Салоҳов, муовини декан оид ба тарбия ва аз зердастони Имомназаров, рӯзи 31- уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “донишҷӯ аз санҷишҳо қарздор будааст (манзур аз санҷиш нагузашта ва баҳо нагирифтаст). Падарамро ба донишгоҳ даъват кардед гуфта, ба ин кор даст мезанад”.
Салоҳов гуфт, ҳоло Музаффар Имомназаров дар корпуси 5-уми беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ аст ва ӯро чанд маротиба ҷарроҳӣ намуданд. Айни замон вазъи саломатиаш муътадил гуфта мешавад.
Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад. Ин ки донишҷӯ дастгир шуда ва оё дар ин замина парванда боз шудааст ё не, ҳанӯз маълум нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.