расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Узбекистон, дар ин кишвар "навъи бритониёӣ"-и коронавирус сабт шудааст

. / Ҷаҳон

Узбекистон, дар ин кишвар "навъи бритониёӣ"-и коронавирус сабт шудааст

Яке аз бемористонҳои Узбекистон.

Дар Узбекистон бори аввал "навъи бритониёӣ"-и коронавирус сабт шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.
Навъи нави коронавирус дар ҷисми духтари 10-солае ошкор шудааст, ки рӯзи 23 январ ҳамроҳи хонаводааш аз Дубай баргашта буд.
"Ташхис натиҷаи мусбат нишон дод ва вай ба бемористон интиқол ёфт", - хабар доданд аз вазорат.
Хонаводаи ин духтар ба карантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд.
"Айни замон вазъи бемор муътадил аст ва вай шикояте надорад",-гуфтанд дар Вазорати тандурустии Узбекистон.
Ин вазорат ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафар ба кишварҳои дигар худдорӣ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.