расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Бонкҳои низомсози Тоҷикистон барои соли 2021 муайян шуданд

. / Иқтисодиёт

Бонкҳои низомсози Тоҷикистон барои соли 2021 муайян шуданд

Чун соли пешин инҳо “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” мебошанд.

Сурат: Asia-Plus
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2021” тасдиқ карда шуд.
Рӯйхат бо назардошти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солона (аз 1 январ то 31 декабри соли 2020) таҳия шудааст.
Чун як сол пеш БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф шуданд.
Дар замима ба қарор дар банди алоҳида - “ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ” -  ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл” зикр шудааст.
Дар замима шарҳ дода мешавад, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.
Зикр мегардад, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи БМТ ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ: 19 бонк, 18 ташкилоти амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.