расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Усмонзода бори дувум номзад ба мақоми президентӣ шуд. “Сенарияи соли 2013 такрор мешавад”?

. / Сиёсат

Усмонзода бори дувум номзад ба мақоми президентӣ шуд. “Сенарияи соли 2013 такрор мешавад”?



Саидҷаъфар Усмонзода бори дувум дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзад мешавад
Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизб ва вакили порлумонро, ки ҳамвора барои пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ интиқод мешавад, ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод кард. Интихоботи ояндаи президентӣ 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Номзадии Усмонзодаро вакилони анҷумани Ҳизби демократ рӯзи 23-юми август дар Душанбе пешниҳод карданд. Дар баробари ӯ номи Муҳаммадҷони Авлиё, намояндаи Ҳизби демократ аз Кӯлоб ва Таваралӣ Зиёзода, муовини аввали раиси ҳизб низ пешниҳод шуда буд. Муҳаммадҷони Авлиё номзадии худро пас гирифт, Таваралӣ Зиёзода раъйи камтар ба даст овард.
Саидҷаъфар Усмонзода дар анҷумани Ҳизби демократ гуфт, ки ҳадафаш аз иштирок дар интихобот “беҳтар кардани зиндагии мардум, хубтар кардани шароити кори соҳибкорон ва кумак ба камбизоатон” аст.
Вай пешниҳоди қаблии худро дар бораи ташкили “харитаи ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ” ва “конҳои табиӣ” дубора такрор намуд, вале бархе аз сокинон мегӯянд, ин нуктаҳо ҳар дафъа дар остонаи интихоботҳо садо медиҳанд, вале бо гузашти вақт фаромӯш мешаванд.
Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ҳамчун номзад иштирок карда, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот овози камтаре ба даст оварда буд. Вале дар интихоботҳои порлумонии соли 2015 ва 2020 ҳамчун вакил вориди Маҷлиси Намояндагон шудааст.
Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки бо чӣ умеде ин дафъа ба интихоботи президентӣ меравад, гуфт, “ҳар нафаре, ки ба интихобот ворид мешавад, умеди пирӯзӣ дорад.”
Ба ин тартиб, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ҳол номзадҳои Ҳизби аграрӣ, сотсиалистӣ ва инак Ҳизби демократ маълум шуданд. Ҳизби аграрӣ номзадии Рустам Латифзода ва Ҳизби сотсиалистӣ номзадии Абдуҳалим Ғаффоровро пешниҳод кардааст. Латифзода бори аввал ва Ғаффоров бори севум дар ин корзори сиёсӣ вориди рақобат мешаванд.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин номзадҳо ба хотири “пуррақобат” нишон додани интихобот дар Тоҷикистон аст. Иддаое, ки номзадҳо ва ҷонибдоронашон рад мекунанд.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои сиёсиро пайгирӣ мекунад, гуфт, дар интихоботи моҳи октябри имсол “сенарияи соли 2013 такрор мешавад”.
“Ҳадаф як чиз аст, ин номзадҳое, ки пешбарӣ мешаванд бояд ранг бозӣ кунанд ва номзади асосӣ гузарад. Агар ҳадаф ислоҳот мебуд, ҳадди ақал номзадҳои ҷиддитаре, ки дар ҷомеа нақш доранд, ба саҳна меомаданд”, -- шарҳ дод ӯ.
Қарор аст, ҳизбҳои коммунист ва халқии демократии Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр номзадҳои худро пешниҳод кунанд.
Дар ин миён ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳанӯз замони баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми август гуфт, ҷонибдоронаш муқобили иштироки ҳизб дар интихоботи президентӣ ҳастанд.
Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.
Нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон баҳои мусбат додаанд, вале нозирони созмону кишварҳои ғарбӣ ин интихоботҳоро шаффофу демократӣ ва одилона эътироф накардаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • lalala | Гости

    La montre est un accessoire important dans la vie de tous les jours. Il n’est pas surprenant que la plupart des gens recherchent des montres qui sont à la fois pratiques et élégantes. Les montre replique sont l’option parfaite pour ces personnes. Montre replique sont des répliques exactes des montres classiques et sont faites avec des matériaux de haute qualité. Elles sont également très abordables et offrent une grande variété de styles.
    Hublot replique
    Tag Heuer replique
    Omega replique
    replique montre

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.