расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Нозири зиддисӯхтор аз Ҳисор бо пора ба даст афтод

. / Ҳаводис

Нозири зиддисӯхтор аз Ҳисор бо пора ба даст афтод

Ӯ мусоидат барои дохилшавӣ ба Донишкадаи ҳарбиро ваъда кардааст.

Акси марбута
Сурат: BaigeNews.kz
Нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар Ҳисор Искандар Асоев ба гумони даст доштан ба порагирӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ӯ ба сокини маҳаллӣ ваъда додааст, ки ба ивази 18 ҳазор сомонӣ ӯро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа қабул мекунад.
Гуфта мешавад, Искандар Асоев ҳангоми гирифтани пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.
Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, муофиқи ин модда ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон ё ҷарима ба маблағи то 54 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.