расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Фолбини маҳаллӣ дар Душанбе боздошт ва ҷарима шуд

. / Ҳаводис

Фолбини маҳаллӣ дар Душанбе боздошт ва ҷарима шуд

Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшид.

Сурат: РВКД Душанбе
Кормандони милитсияи пойтахт далели навбатии машғул шудани зани сокини шаҳри Душанбе ба фолбиниву сеҳру ҷодуро ошкор намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Зуҳро Абдуллоеваи 49-сола, сокини кӯчаи Ҳуайдуллоеви пойтахт аз рӯйи далели машғул шудани ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт шудааст.
“Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст”, - қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, зимни боздошти зан дар манзили ӯ як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Зуҳро Абдуллоева бо моддаи 482 КҲВМ ҶТ  (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал мардумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
Дар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.