расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори сироятёфтагон аз Covid-19 дар Тоҷикистон ба 8550 нафар расид

. / Ҷомеа

Шумори сироятёфтагон аз Covid-19 дар Тоҷикистон ба 8550 нафар расид

Беш аз 7ҳазору 300 нафар шифо ёфтанд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus
Рӯзҳои истироҳати гузашта - 29 ва 30 август дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Портали ягонаи миллӣ оид ба ваъз бо Covid-19 хабар медиҳад.
Ба ин тариқ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон ҳамагӣ ба 8550 нафар расид. Аз ин шумор 7341 кас шифо ёфта, 68 нафар фавтиданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус 105,7 ҳазор нафар, Ӯзбекистон - зиёда аз 41,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар Қирғизистон то 30 август 43 ҳазору 829 ҳолати сироятёбӣ сабт шуда, 1504 кас аз ин беморӣ фавтиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Туркманистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.