расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бо норозиён дар Минск чӣ гуна бархӯрд карданд? Нақли шоҳиди ҳодиса. АКС

. / Ҳаводис

Бо норозиён дар Минск чӣ гуна бархӯрд карданд? Нақли шоҳиди ҳодиса. АКС

Влад Гридини (акси зер) аз соли 2017 дар бахши белорусии Радиои Озодӣ кор мекунад. Вай 9-уми август ва рӯзҳои баъди он дар Минск шоҳиди фишор ба эътирозгарон будааст.
Пас аз интихоботи президентии Белорус, ки мақомот дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, норозиён ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо мегӯянд, дар шумориши раъйи мардум тақаллуб шудааст. Лукашенко аз соли 1994 ба ин тараф ба Беларус ҳукумат мекунад.
Влад Гридини, аксбардоре, ки лаҳзаҳои пароканда кардани эътирозҳои баъд аз интихоботро дар Белорус сабт кардааст, дар бораи таҷрубаи худ нақл мекунад:

Вақте натиҷаҳои интихоботро эълон карданд, бо ҳамкорон нишасти хабарии мухолифонро инъикос мекардем. Огоҳ шудем, ки одамон ба кӯчаҳо баромаданд ва ба маркази шаҳр равонанд. Тахмин кардем, ки дар онҷо, мумкин аст, чизе рух диҳад.
Ҳамроҳи чанде аз ҳамкорон ба маркази шаҳр рафтем. Вақте ба муҷассамаи “Минск - шаҳри қаҳрамон” расидем, садоҳои монанд ба тирпарронӣ ба гӯш расид.
Пароканда кардани эътирозгарон ба воситаи мошинҳои обпош
Пароканда кардани эътирозгарон ба воситаи мошинҳои обпош

Нерӯҳои вижа ё ОМОН ҳамчун девор истода буданд. Норозиён роҳпаймоҳои хурд-хурде ташкил карданд, албатта, агар чунин гуфтан мумкин бошад. Баъдан нерӯҳои пулис талош карданд, ки муътаризонро ба воситаи мошинҳои обпош пароканда кунанд.
Вақте ин кор ба онҳо даст надод, аз гази ашковар ва норинҷакҳо истифода намуданд. Одамон баъд аз садои таркиши норинҷак ба замин афтиданд, сару рӯяшон осеб дид.
Эътирозгарон дар миёни дуди норинҷакҳо ҳангоми эътирози шаби аввали баъд аз интихобот
Эътирозгарон дар миёни дуди норинҷакҳо ҳангоми эътирози шаби аввали баъд аз интихобот

Як норинҷак дар наздикии пойҳои ман кафид. Баъд аз ин ҳодиса чанд рӯз намешунидам. Порае аз норинҷак ба ҳамкорам расида буд, вале ӯ дар ин ҳодиса чандон захм набардошт.
Инро фаҳмондан душвор аст, вале дар он вақт ҳақиқатан натарсида будам. Гӯиё режими «худкор» пайваст шуда буд, вале бодиққат будам ва талош мекардам дар миёни норозиён набошам.
Эътирозгари маҷруҳ дар интизори мошини «Ёрии таъҷилӣ»
Эътирозгари маҷруҳ дар интизори мошини «Ёрии таъҷилӣ»


Бархӯрд бо муътаризон чанд дафъа такрор шуд: нерӯҳои пулис наздик мешуданд, муътаризон пароканда мегаштанд ва боз аз нав гуруҳ-гуруҳ ҷамъ меомаданд. Ба эътирозгарони маҷруҳ талош мекарданд, то омадани «Ёрии таъҷилӣ» мадад расонанд. Духтареро дидам, ки рӯяш хунолуд буд. Намедонам баъдан бо ӯ чӣ шуд. Талош мекунам дар вақтҳои наздик дар бораи он духтар маълумот пайдо кунам.
Вақте вазъият бад шуд, дари хонаи одамонеро, ки дар ошёнаҳои баланд мезистанд, тақ-тақ кардам. Аз онҳо пурсидам, ки оё иҷозат медиҳанд аз тирезаи хонаашон поёнро акс гирам? Онҳо ба ман хеле ёрӣ карданд, чун акс бардоштан аз масофаи наздик бисёр хатарнок буд.
Интернет бо суръати паст кор мекард. Ягона роҳи пахши аксҳо ин буд, ки суратҳоро ба телефон гузаронда, тавассути Телеграм ба муҳаррир фиристам. Аз одамоне, ки пеш аз ин намешинохтам, хоҳиш кардам, барои пайваст шудан ба Интернет кумак кунанд ва онҳо ёрии худро дареғ надоштанд.
Муътаризон дар шаби 9-уми август
Муътаризон дар шаби 9-уми август

Шаби дуюми эътирозҳо аз ҳама даҳшатнок буд. Ман дар назди нафаре меистодам, ки қурбонии аввалин буд. Надидам, ки ӯро кай куштанд, вале дидам, ки вақте ӯ ба замин афтид, нерӯҳои ОМОН шитоб доштанд.
Ҳамроҳи гуруҳе аз рӯзноманигорон будам ва моро як корманди ОМОН дид ва фикр мекунам махсус ба тарафи мо бо тирҳои резинӣ оташ кушод. Рост ба тарафи мо. Чанд рӯзноманигор, аз ҷумла ҳамкори ман, ки зан буд, дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд.
Муътаризон аз дасти пулис фирор мекунанд
Муътаризон аз дасти пулис фирор мекунанд

Дар он шаб танҳо баргаштан ба хона хатарнок буд. Пулис бе ягон ваҷҳ одамонро аз кӯча боздошт мекард. Ман ҳеч гоҳ чунин намоиши эътирозиро дар Белорус надида будам. Ҳамчунин ҳеч гоҳ надида будам, ки пулиси кишвари мо чунин бераҳмона рафтор кунад. Пештар вақте пулис наздик мешуд, одамон пароканда мешудандҳоло онҳо дар паси сангар истода буданд.
Ҳафтаи аввал шабонарӯзӣ се-чаҳор соат мехобидаму бас. Ҳоло метавонам каме бештар истироҳат кунам.
Шиддати вазъият сабуктар шудааст ё шояд одамон монда шуданд. Бегоҳиҳо боз ҷамъ мешаванд, вале на ба он миқдоре, ки рӯзҳои аввал гирдиҳам меомаданд. Фикр мекунам, дар рӯзҳои истироҳатӣ мумкин аст вазъият дубора шиддат гирад.
Намоиши эътирозӣ дар маркази шаҳри Минск, 16-уми август
Намоиши эътирозӣ дар маркази шаҳри Минск, 16-уми август

Пайваст шудан ба Интернет ҳамчунон бад аст, баъзан ҳис мешавад, ки гӯё тамоман вуҷуд надорад. Аммо вақте Интернет хомӯш мешавад, одамони зиёде ба кӯчаҳо баромада, ба муътаризон мепайванданд, чун дигар коре нест, ки анҷом диҳанд.
Моро чӣ интизор аст? Намедонам. Ин сол бисёр пешгӯинашаванда аст. Ҳама чиз чунон зуд тағйир мекунад, ки гуфтан мушкил аст дар пеш чӣ интизор аст. Чанд ҳафта пеш касе тасаввур намекард, ки баъд аз интихобот одамони оддиро шиканҷа мекунанд ва мекушанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.