расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Баҳои иншои дохилшавии Эмомалӣ Раҳмон чанд буд? Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ

. / Сиёсат

Баҳои иншои дохилшавии Эмомалӣ Раҳмон чанд буд? Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ

Ин осорхонаро худи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ боз кардааст

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон осорхонае бо номи "Осорхонаи Пешвои миллат" сохтаанд. Фаъолияти ин осорхонаро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо Рстами Эмомалӣ баъди пардабардорӣ аз биноҳои нави таълим дар ин Донишгоҳ  расман оғоз бахшидаанд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки ин осорхона ба овони донишҷӯӣ ва саҳми сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст.
"Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад",-мегӯяд дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.




1/14
Гуфта мешавад Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 барои инъикоси давраи таҳсили Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хидматҳои ӯ дар рушду пешрафти Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба ватану миллат ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул кардааст.
Таъсиси ин осорхонаро Дафтари матбуоти раисҷумҳур "меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хатмкардаи Факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ дар солҳои 1977-1982, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд", номидааст.
Гуфта мешавад нигораҳои осорхона овони таҳсили Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд.
Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил” мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.  Д
Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони ӯ ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.
"Дар маҷмуъ Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ роҳнамои арзанда хоҳад гардид",-мегӯяд Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.