расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми апрели соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Ауди-4»-ро ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда худи ҳамон рӯз бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ-Х5»-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 67-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо»-ро ба маблағи 222 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 29-уми августи соли 2020, зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 248-халта орд ба маблағи 58 ҳазору 340 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо 5 ҳазору 340 сомониашро баргардонида боқимонда маблағи 53 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 21-уми декабри соли 2020, марди 41-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус ҶС»-ро бо арзиши 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 21-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии бародарон мардони 36 ва 34-солаи сокинони шаҳри мазкур даромада, аз онҳо бо мақсади харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ховарони пойтахт 140 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.