расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд

. / Ҷомеа

Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд

Гуфта мешавад, ки марҳлаи дувум то ҷашни истиқлоли Тоҷикистон бояд ба охир бирасад.

Сурат: Сафорати Эрон дар Тоҷикистон
Тоҷикистону Эрон бо нашри як қарордод корҳоро барои такмили нақби “Истиқлол”, ки кишварро бо уисмати шимол мепайвандад, ба тавофуқ расиданд. Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» миёни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳузури вазири нақлиёти Тоҷикистон Азими Иброҳим, сафири Эрон дар Тоҷикистон  ва раиси ширкати “Фароб” имзо шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Қарор аст дар марҳилаи дувум ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои марбут ба равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратиро ба анҷом бирасонад.
Ин маросим шоми 20-уми январ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе сурат гирифтааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ёдоварӣ аз эҷоди баъзе мушкилиҳо, ки сабаби ба таъхир уфтодани кор дар идомаи бунёди нақби “Истиқлол” шудаанд, гуфтааст, ки “Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштараканд, ки дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст”.
Азими Иброҳим гуфтааст, ки “марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид”.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ дар ин маросим гуфтааст, ки “марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд”.
Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ дар ин маросим гуфтааст, ки  "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.
“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст”,- гуфтааст вай.
Акс аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон
Ҳарчанд ҳоло гуфта нашудааст, ки барои анҷоми корҳои марҳилаи дувуми такмили бунёди нақби “Истиқлол” чӣ миқдор маблағ масраф мешавад, аммо ишора шудааст, ки саҳи ҷонибҳо 50 дарсадӣ хоҳад буд.
Раиси ширкати “Фароб” дар ин замина гуфтааст, ки “саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд”.
Аммо моҳи октябри соли 2019 Ризо Ардакониён, муовини вазири энержии Эрон ҳангоми дидор бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон ба расонаҳои эронӣ гуфта буд, ки Эрону Тоҷикистон барои анҷоми корҳои нақби “Истиқлол” муштаракан 10,5 миллион доллар ихтисос хоҳанд дод, ки саҳми 50 дарсадӣ хоҳад буд.
Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.