расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тӯли 8 сол дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қариб 8 баробар афзуданд

. / Иқтисодиёт

Тӯли 8 сол дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қариб 8 баробар афзуданд

Дар рейтинги сифати роҳҳо байни кишварҳои минтақа Тоҷикистон якум аст.

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Сурат: pressa.tj
Арзиши умумии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон айни замон 2 млрд 566 млн сомонӣ (230 млн доллар) баҳогузорӣ мешавад, қайд мешавад дар Барномаи ҷорисозии низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди дар ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2021-2024.
Гуфта мешавад, дороиҳои роҳҳои автомобилгард (таркиб ва арзиши амволи роҳҳои автомобилгард)-и кишвар дар муқоиса бо соли 2012, ки он замон 325,8 млн сомонӣ арзёбӣ мешуданд, қариб 8 баробар афзудаанд.

Масофаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 27 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 14 ҳазор роҳҳои мошингард бо 2232 пул дар тавозун (баланс)-и муассиаҳои дахлдори давлатии тобеи Вазорати нақлиёт ва наздики 13 ҳазор километр роҳи байнихоҷагӣ ва байниидоравӣ дар ихтиёри дигар ташкилоту корхонаҳо қарор доранд.
Муаллифони Барнома таъкид месозанд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар вазъияти роҳҳои автомобилгард куллан тағйир ёфта, Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии рушд - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.
Дар ин давра зиёда аз 2 ҳазору 768 километр роҳҳо, 5 нақбу 403 пул бо истифода аз технологияи муосир ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ сохта ва таъмиру навсозӣ шуданд.
Ғайр аз ин, бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зиёда аз 600 адад техникаи муосири пешрафта ва таҷҳизот барои тақвияти имконоти техникии муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо харида шудааст.
Айни замон 1619 адад техникаи таъмири роҳоо ва нақлиёти автомобилӣ дар тавозуни муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо қарор доранд.
Барнома ба ҷорисозии низоми зеҳнии идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгард равона мешавад. Он дар доираи кумаки молиявии аз ҷониби Боки осиёии рушд ҷудошуда таҳия шудааст.
Иҷрои тадбирҳои дар Барнома пешбинишуда аз ҳисоби кумаки техникии беруна ва кумаки молиявӣ таъмин мешавад.

Роҳи беҳтарини Осиёи Марказӣ?

Тибқи маълумоти раддабандии охири Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, аз лиҳози сифати роҳҳо Тоҷикистон байни 141 кишвари саросари дунё зинаи 50-умро ишғол мекунад.
Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон болотар аз Тоҷикистон ҷойгир аст. Ба ҷумҳурии мо дар зарфи якчанд сол муяссар шуд, ки мавқеи худро якбора 20 зина - аз 70-ум дар соли 2017 то 50-ум дар соли 2019 беҳтар кунад.
Наздиктарин кишвар ба Тоҷикистон дар рейтинг миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мебошад, ки дар мақоми 93-юм ҷойгир аст.
Лекин зимни арзёбии вазъитяти роҳҳои автомобилгард муаллифони раддабандӣ шояд вазъияти роҳҳои ВМКБ-ро ба инобат нагирифта бошанд.
Роҳи Душанбе-ХоруғСурат: imgprx.livejournal.net
Ба ғайр аз роҳҳои ҳамин вилояти мухтор, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб дигар ҳама роҳҳои автомобилгард аҳ ҳисоби ҷалби гранту қарзҳои сарпарастони беруна таъмиру навсозӣ шуданд. Одамон пас аз 14-16 соати азобу машаққат дар роҳҳо аз Душанбе ба Хоруғ меерасанд. Ин роҳҳо ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта асфалтпӯш шуда, ҳоло аз он қариб чизе боқӣ намондааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳи мошингард ягона тарзи сафар аз пойтахт ба Хоруғ ва бозгашт аз он ҷо аст: чандин сол инҷониб алоқаи ҳавоии мунтазам бо минтақа вуҷуд надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.