Дар ноҳияи Мастчоҳ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 09.12.2016. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №38-и ноҳияи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ иборат аз 9 синфхона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросими баистифодадиҳии бино Раҳматулло Мирбобоев, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Ғайрат Азиззода, Раиси ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуданд.
«Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби соҳибкор Фаррух Шарипов бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуда, барои 216 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Алҳол дар шафати бино сохтмони толори варзишӣ низ босуръат идома дорад»,-хабар дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки мактаби мазкур аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 ҷуфт мизу курсӣ, 9 тахтаи синфӣ, 9 мизу курсӣ барои омӯзгорон, таҳҷизот барои ҳуҷраи кории директор, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд бо 3 адад ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо 2 адад компютер таъмин гардид.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон