расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»

. / Ҳаводис

Ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»

  Ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як падидаи басо номатлуб ва амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Нафарони қиморбоз бо роҳи макру фиреб таваҷҷӯҳи шаҳрвандону атрофиёнро ба худ ҷалб намуда, маблағҳои пулии онҳоро аз они худ мекунанд.
 Кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, нафарони қиморбозро дастгир ва ба ҷавогарӣ ҷалб менамоянд.
  Аз ҷумла ҳафтаи сипаришуда, дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ карда шуда, ду нафар қиморбозон дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон:
Юнусов Самандар Сафаралиевич санаи таваллудаш 08. 09. 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳаи Ҳакимобод;

Ҳамидов Хуршед Иброҳимович санаи таваллудаш 02. 08. 1994, сокини ноҳияи Фархор, деҳаи Иттифоқ;

  Номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд.
  Вобаста ба ин нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.