Дар Муъминобод дар арафаи Рӯзи Модар ба занони бепарастор ва маъюб туҳфаҳо такдим намуданд


МУЪМИНОБОД,  Имрӯз  дар  қасри  фарҳанги    ноҳияи  Муъминобод  бахшида  ба  Рӯзи  Модар  маҳфили  идона  доир  гардид, ки    дар  он   беш  аз  300  нафар    занони  фаъол ширкат  намуданд.

Дар ҷамъомад  Тоирхон  Амиршозода,  раиси    ноҳияи Муъминобод    занонро  бо Рӯзи Модар ва  иди  баҳор  табрик  намуда,  зикр кард, ки  «модарон  арзандаи олитарин  ситоишу  васфанд, зеро инсон ба воя мерасонанд. Агар мо то охири  умр  хизматашонро  ба  ҷо  орем ҳам,  дар  назди  саховатпешагию  меҳрубонию  бахшояндагиҳояшон   қарздор  боқӣ  мемонем».

Дар ҷамъомад раиси  ноҳия  Тоирхон  Амиршозода  ба занони  бе парастору  маъюб  ва  занҳое,  ки  дар  сохторҳои  давлатӣ  фаъолият  менамояд,  мукофотҳои  пуливу  молӣ  такдим  намуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон