расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Пешбарии Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба президенти Тоҷикистон

. / Сиёсат

Пешбарии Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба президенти Тоҷикистон


Пешвои сотсиалистҳо бори сеюм аст, ки сарвари давлат шудан мехоҳад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 август анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) доир гардид.
Дар ин анҷуман вакилон пешвои ҳизби худ - раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоровро номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар анҷуман Ғаффоров қайд кард, ки тӯли 24 соли мавҷудият ҳизб дар ҳамаи рӯйдоду ҷараёнҳои сиёсии кишвар иштирок кардааст.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҲСТ масъалаи интихоби кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, хусусигардонии моликияти давлат, масоили рушди фарҳангу маориф аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳим ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки номзадии Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ пешбарӣ гардида буд. Он замон ӯ мутаносибан 2,8% ва 1,5% овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буд.
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 15-уми июни соли 1996 дар анҷумани Хуҷанд таъсис дода шуд. Муассиси ҳизб адвокати маъруф, собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев буд.
Рӯзи 6-уми августи соли 1996 ин ҳизб дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Сафаралӣ Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Соли 2000 олими соҳаи физика Мирҳусейн Назриев раиси ҳизб интихоб шуд.

Аввали соли 2004 ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Яке аз ҷиноҳҳо бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, ҷиноҳи дигар таҳти сарварии Мирҳусейн Назриев мавқеи мухолифи ҳукуматро дошт.
Ҳар ду ҷиноҳ ҳам номи “Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон”-ро барои худ нигоҳ доштанӣ буданд, аммо Вазорати адлия зери ин ном ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро сабтином кард.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.