расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Рӯзноманигор Одилро дар Афғонистон террор карданд

Сиёсат / Ҷомеа

Рӯзноманигор Одилро дар Афғонистон террор карданд

Хабарнигорро ҳангоми бозгашт аз деҳаи Дараи Темур, ки дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ ҷойгир аст, дар роҳ силоҳбадастони ношинос паррондаанд.
Ба гуфти Ориф Муҳаммад, роҳабари маркази матбуотии вилояти Ғури Афғонистон, масъул ва рузноманигори радиои “Садои Ғур” Бисмиллоҳ Одил дар оғози Соли нав дар канори шаҳри Фирузкуҳ аз ҷониби шхсони номаълум кушта шуд.Ин хабарро хабаргузории паҳн кардааст.
Хабарнигорро ҳангоми бозгашт аз деҳаи Дараи Темур, ки дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ ҷойгир аст, дар роҳ силоҳбадастони ношинос паррондаанд.
Ғуломраббонӣ Ҳадафманд, масъули кумитаи амният ва масунияти хабарнигорон дар вилояти Ғур мегӯяд, «таҳдидҳои амниятиро дар баробари Бисмиллоҳ Одил ва дигар хабарнигорон дар ин вилоят борҳо бо ниҳодҳои амниятӣ дар миён гузоштааст, вале то ҳол чораандешӣ нашудааст».
Бисмиллоҳ Одил тақрибан даҳ рӯз пеш дар саҳифаи фейсбукиаш оид ба он ки таҳдидҳо ба ҷонаш ҷиддӣ гирифта нашудааст, шикоят карда, ба дӯстону наздиконаш тавсия додааст, ки эҳтиёт бошанд.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар ҶТ) террори Бисмиллоҳ Одилро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.