расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Парвозҳои “Сомон Эйр” ба Русия

. / Ҷомеа

Парвозҳои “Сомон Эйр” ба Русия

Мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19дошта бошанд, ки 72 соат қабл аз сафарашон дода шудааст.
То охири моҳи январ «Сомон эйр» аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон беш аз 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ҷадвали расмиии парвозҳоро барои ин моҳ нашр накардаанд, вале Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтааст, парвозҳои чартерӣ чун моҳҳои қаблӣ идома меёбад.
Ба гуфтаи Субҳонзода, то поёни ин моҳ ҳамарӯза аз Русия ба Душанбе аз 4 то 6 парвозҳои ғайринақшавӣ ё чартерӣ сурат хоҳанд гирифт. Чун маъмул 3 парвоз аз шаҳри Маскав ба боқимонда аз минтақаҳои дигари Русия мешаванд.
Ҳамчунин қарор аст дар моҳи январ 10 парвози чартерӣ аз Душанбе ба шаҳри Минск, пойтахти Белоруссия ва баръакс анҷом шавад.
Мақомот гуфтанд, мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19дошта бошанд, ки 72 соат қабл аз сафарашон дода шудааст. Барои кӯдакони то се сола гирифтани ин гуна маълумотнома лозим нест.
Парвозҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз тобистони соли гузашта оғоз шудааст. Вале мусофирони ин парвозҳо, ки бештарашон муҳоҷирон ҳастанд аз гарони чиптаҳои ин парвоз шикоят мекунанд. Вале масъулин гуфтанд, ҳавопаймо аз як тараф холӣ меравад ва ба ин хотир нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ гарон аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.