расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дидор Саъдуллоев сири пирӯзияш дар озмуни ЮНЕСКО-ро гуфт

. / Ҷомеа

Дидор Саъдуллоев сири пирӯзияш дар озмуни ЮНЕСКО-ро гуфт

ЮНЕСКО – ниҳоди илму фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид се акси Дидор Саъдуллое аксбардори шинохтаи тоҷикро барои тақвимҳояш дар соли 2021 баргузидааст. Ин се акс аз манзараҳои Тоҷикистон дар фаслҳои зимисотну тирамаҳ қисса мекунанд.

Зимистон. Чорбоғ, Варзоб
Сурат: Дидор Саъдуллоев
Моҳи ноябр ЮНЕСКО озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон кард. Дирӯз аз ин озмун натиҷагирӣ шуд ва се акси Дидор Саъдуллоев ҳам барои намояҳои тақвими 2021-и Юнеско баргузида шуданд.
Мо аз Дидор Саъдуллоев пурсидем, ки чӣ гуна ба ин озмун раҳ ёфту чӣ тавр ЮНЕСКО як созмони муътабари ҷаҳонӣ ба аксҳои ӯ таваҷҷуҳ кардааст.
- Вақте 18 ноябри соли 2020 эълони озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» хондам тасмим гирифтам, ки дар ин озмун ширкат кунам. Ба ин озмун 15 акси худро, ки аз манзараҳои Тоҷикистон қисса мекарданд пешниҳод кардам. Пас аз Соли нав  ҷавоб омад, ки се акси ман барои «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» баргузида шуданд.
Ба ҳамин содагӣ?
- Бале, дар озмунҳои байналмилалӣ карру фари зиёдатӣ даркор нест, хусусан дар озмунҳои ҳунарӣ. Онҳо ба ҳунар, ба фалсафаи аксҳову  паёме, ки аксҳо медиҳанд таваҷҷуҳ мекунанд, на ба шаҳомату  гуфутушунфти барзиёд.
Фикр мекунед, чаро ин се акс баргузида шуданд?
- Ман фикр мекунам, ки дар ин интихоб ҳам кӯҳҳои мо, ҳам табиати мо ва ҳам Қалъаи Ҳисор ҳам ба хотири ривоятгари таърих буданаш интихоб шудааст. “Чилдухтарон”-ро ман барои онҳо ривояти таърихии онро навишта будам, шояд аз ин хотир буда бошад.

Бистгонаи аксҳи бартари соли 2020-и Дидор











Бозии писарбача бо асп. Чилдухтарон, Муъминобод. Яке аз се аксе, ки дар озмун баранда шуд.1/20
Се аксе, ки баргузида шудаанд, ба гуфти Дидор яке дар рӯй асп писарбачае шиштааст, ки он дар манзараҳои дилфиреби Чилдухтарони Муминобод бардошта шудааст. Акси дигаре аз вақти сармои шадид зери кӯҳҳои Чорбоғи Варзоб қисса мекунаду акси сеюм замони ғуруби офтоб дар тирамоҳи Қалъаи Ҳисор аст, ки рангомезии ғуруби офтоб бо зардии хазони тирамоҳи тавъам афтодаву манзараи хосе ҳосил кардаанд.
Худи Шумо чӣ тахмин мезадед, ки кадом аксатон бояд баранда мешуд?
- Ростӣ, ин озмун бисёр бонуфуз ва калон буд. Ман гуфтам агар интихоб шавад ҳамон аксе, ки писарбача рӯйи он бозӣ мекунад, интихоб мешавад. Дар ҳар сурат интихоби онҳо барои ман ҳам хеле ғайримунтазир буд. Ман танҳо барои муаррифии Тоҷикистон аксҳоро фиристодам, хеле дар фикри баранда шудан ҳам набудам
Ин озмун чӣ ҷоизаву чӣ қадар пул дорад?
- Дар мактуб гуфта буданд, ки суроғаамро нависам то дипломи ЮНЕСКО ва тӯҳфаи хотиравиро бифристанд. Дар бораи ин ки пул медиҳанд ё не чизе гуфта нашудааст.
Дидор Саъдуллоев хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текноложии Маскав аксбардориро ба таври ҳирфаӣ аз машҳуртарин аксбардорҳои Русия омӯхтааст ва дар риштаи аксбардор-хабарнигор мадрак гирифтааст.
Дар хабаргузории “Ховар”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва бархе расонаҳои маҳаллии Русия кор кардааст.  Аз соли 2014 то кунан дар Бошқирдистон, Маскав, Олмотӣ ва Душанбе намоиши аксҳояшро баргузор кардааст.
Дидор Саъдуллоев бори охир дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи муҳоҷират шудааст. Ӯ мегӯяд ба аксбардорӣ аз майдони маъруф ба ҳайкали Исмоили Сомонии Душанбе ҳаваскорона ворид шудаву онро маслакӣ омӯхтаасту ҳоло талош мекунад, ки ба сатҳи беҳтарин аксбардорҳои тоҷик бирасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.