расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон дар як моҳ 20 млн нафар афзуд

. / Ҷаҳон

Шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон дар як моҳ 20 млн нафар афзуд

Акнун шумори онҳо то ин дам дар саросари дунё беш аз 85 млн нафарро ташкил медиҳад.

Сурат: АР
Давоми як моҳ шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар саросари дунё 20 млн нафар афзуда ба 85 млн кас расид, бармеояд аз маълумоти омории Донишгоҳи Ҷон Хопкинс. Тавре РБК менависад, ба сурати умум, то ин дам 1,8 млн нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Дар зарфи 1 моҳ дар ҷаҳон 20 млн нафар беморони нави COVID-19 ошкор шудаанд: 4 декабр шумори онҳо ба 65 млн нафар баробар буд.
Ба панҷгонаи аввали кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама зиёдтар ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ин давлатҳо дохиланд: ИМА — 20,6 млн нафар; Ҳиндустон — 10,3 млн; Бразилия — 7,7 млн; Русия — 3,2 млн; Франсия — 2,7 млн.

Марги зиёдтарин аз коронавирус дар ИМА сабт шудааст, ки 351 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар идома кишварҳои зерин қарор доранд: Бразилия - 196 ҳазор нафар фавтидагон; Ҳиндустон - 149 ҳазор; Мексика - 126,8 ҳазор ва Италия - 75 ҳазор каси фавтида аз ин беморӣ.

Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп маълумот дар бораи коронавирусро дар кишвараш муболиғанок унвон кард.
Дар Twitter ӯ навишт, ки маълумот дар бораи сироят ба COVID-19 дар ИМА хеле муболиғаноканд ва дар ин кор тарзу усул (методҳо)-и ҳисоби беморон ва фавтидагон айбдор аст, ки Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) аз он истифода мекунанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.