расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Фасод: парвандаи ҷиноии бархе аз мансабдорони ҳукумати Истаравшан

. / Ҳаводис

Фасод: парвандаи ҷиноии бархе аз мансабдорони ҳукумати Истаравшан

Додситонии вилояти Суғд нафаронеро, ки парванда боз кардааст намегӯяд.

Фурқат Хоҷазода додситони вилояти Суғд
Сурат: Asia-Plus
Додситонии вилояти Суғд нисбати чанд тан аз мансабдорони  ҳукумати Истаравшан бо моддаҳои 245 “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ”,  314 “ сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ ҳукумати Истаравшанро бо ҷурми азонихудкунии маблағи махсусан калони будиҷа айбдор мекунад.
Додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода зимни натиҷагирӣ аз як соли фаъолияти кории ин ниҳод гуфт ҳукумати шаҳри Истаравшан ҳамчун фармоишгар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қалъаи Муғи ин шаҳр бо пудратчӣ ҶДММ “Манора” шартнома баста аз ҳисоби буҷет барои анҷоми ин кор 1,5 млн сомонӣ ҷудо мекунад.
Аммо додситонӣ мегӯяд, аз ин миқдор маблағ ҳукумати Истаравшан ҳамагӣ 532 ҳазор сомониро ба роҳбари ҷамъияти “Манора” пешниҳод намуда, бе розигии ин ҷамъият 961 ҳазор сомонии боқимондаро тариқи нақдӣ ба шаҳрванд Каримов, ки ба ҷамъияти мазкур ягон алоқамандӣ надорад супурда, ба директори ҶДММ “Манора” Азимов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
“Прокуратураи вилоят нисбати шахсони мансабдори МИҲД шаҳри Истаравшан бо моддаи 314 қисми 2 ва 245 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда ҳоло тафтиши пешакӣ идома дорад.”-
Ҳарчанд додситони Суғд ҳувияти онҳоеро, ки барои даст доштан дар фасод мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтаанд ошкор накард, аммо ишора шуд, ки онҳо кормандони масъули ҳукумати шаҳри Истаравшан будаанд.
Тавре дар нишасти додситонӣ гуфта шуд, соли ҷорӣ додситони Суғд дар бахши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи буҷет 268 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 49 ҷиноятро ошкор кардааст. Зарари он 9,8 млн сомонӣ ва 250 ҳазор доллари ИМА гуфта мешавад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.