расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Шумори мансабдорон дар Ӯзбекистон 15% ихтисор мешавад

. / Ҷаҳон

Шумори мансабдорон дар Ӯзбекистон 15% ихтисор мешавад

Ба ҳукумат ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт ду моҳ муҳлат дода шуд.


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабр зимни ироаи паём ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки шумори кормандони идоракунии давлатӣ бояд 15% коҳиш дода шавад, хабар медиҳад CentralAsia.
Ба гуфтаи ӯ, низоми мазкур начандон пурсамар кор мекунад. Мушкилот дар беҳад тамаркузи ҷараёни қабули қарор дар вазорату идораҳо ифода ёфта, бисёр вақт вазифаҳо такрор мешаванд, чунки пурра онҳо пурра таъин нашудаанд.
Мирзиёев қайд кардааст, ки бархе аз муовинони вазирон ва роҳбарони зинаи миёна аз масъулият худро канор гирифта, ташаббус зоҳир намекунанд.
Сарвари давлати ҳамсоя бар ин назар аст, ки ин мушкилот дар натиҷаи саводнокии начандон хуб ва малакаҳои нокофӣ, ҳисси масъулият надоштан ва коррупсия ба вуҷуд омадааст. Мансабдорон мушкилоти воқеиро ҳал накарда, ба машваратҳои нолозим ва коғазбозӣ машғуланд.
Мирзиёев ба ҳукумат ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт ва ба ҳадди зарурӣ овардани шумори кормандони соҳаи идоракунии давлатӣ ду моҳ муҳлат дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.