ВКД сӯхтори «Амонатбонк»-ро шарҳ дод

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сӯхтори бинои марказии «Амонатбонк»-ро шарҳ дод.

Бино ба иттилои  дафтари матбуотии ин ниҳод, дирӯз,21-уми феврал соати 15:09 дақиқа, ба маркази алоқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҳодисаи сӯхтор дар боми бинои «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ-24, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар расидааст.

Манбаъ мегӯяд, бо қабули бонги хатар фавран ба маҳалли ҳодиса 13-адад нақлиётҳои асосӣ ва махсуси оташнишонии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он сафарбар карда шуданд.

«Ҳангоми ҳозир шудан ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор муайян гардид, ки қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250м2 оташ гирифтааст».

Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикии оташнишонии СХДО ВКД ва воҳидҳои он роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бе паҳншавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

«Тибқи иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Аз сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи таъсисдодашуда идома дорад».

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон