СММ: 128 млн сокини сайёра ба таъмини амният эҳтиёҷ дорад

Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки

барои дуруст фаъолият кардани ниҳоди байналмилалии кумакрасони худ дар соли оянда дар ҳаҷми 22 миллиарду 200 миллион доллар, ҷамъоварӣ намоянд. Ин маблағ рекордӣ унвон мешавад. Маблағи мазкур ба зарардидагони ҷангу хунрезӣ ва офатҳои табиӣ дастрас мегардад. Зиёда аз 50 дарсади онро ба кишварҳои Сурия, Яман, Ироқ ва Судони Ҷанубӣ, ки ҷанг дар онҳо ҳанӯз идома дорад, ихтисос медиҳанд. Аз соли 2011-ум маблағи дархостмекардаи созмонҳои гуманитарӣ пайваста афзоиш меёбад. Зеро 5 сол қабл ба онҳо 7 миллиарду 900 миллион доллар зарур меомад. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи гуманитарӣ Стивен О’Брайн изҳор кард, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бори нахуст аст, ки олам ба чунин вазъият мувоҷеҳ мешавад. О’Брайн илова намуд, ки зиёда аз 128 миллион сокини сайёра ба таъмини амният ва кумаки байналмилалӣ эҳтиёҷ дорад. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Бурунди, Конго ва Сомали тайи 25 соли ахир барои соҳиб шудани кумак пайваста ба СММ муроҷиат намуданд. Тавре интизор меравад, вазъият дар соли 2017-ум боз ҳам мураккабтар мегардад. Агар дар Сурия вазъият ором нагардад, пас 13,5 миллион нафар ба кумак эҳтиёҷ пайдо мекунад. Дар Афғонистон, ки ҳукумати он бо ҷангиёни ҳаракати «Толибон» мубориза мебарад, соли 2017-ум маводи ғизоӣ ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар, ки асосан кӯдакон мебошанд, дастрас карда мешавад. Дар Бурунди буҳрони сиёсӣ метавонад ниёзмандонро ба кумаки байналмилалӣ то 3 маротиба бештар намояд. СММ танҳо барои Нигерия 1 миллиард доллар дархост намудааст. Зеро силоҳбадастони гурӯҳи «Боко Ҳарам» дар ин кишвар 7 миллион нафарро мувочеҳ ба вазъияти ногувор намудаанд. Ба таъкиди намояндаи СММ оид ба вазъи гуманитарӣ Стивен О’Брайн кормандони ниҳоди хайриявӣ пайваста мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор мегиранд. Ҳамчунин тарафҳои ба ҳам зид ба кормандони созмонҳои хайриявӣ иҷозат намедиҳанд, ки ба минтақаҳои даргир ворид шаванд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон