расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР ҚАРАТОҒ НОЗИРИ РОҲ ХУНИ РОНАНДАҲОРО МЕМАКАД!

. / Ҷомеа

ДАР ҚАРАТОҒ НОЗИРИ РОҲ ХУНИ РОНАНДАҲОРО МЕМАКАД!

Рӯзи якшанбе ҳамроҳи дӯстон барои истироҳат ба дараи Қаратоғ, аниқтараш ба истироҳатгоҳи “Куран” раҳсипор гаштем. Дар маҳаллаи аҳоллинишин, ки он ҷо аҳён - аҳён хонаҳо ба назар мерасанд, нозирони роҳ истода, ҳаракати нақлиётҳоро танзиму назорат мекарданд. Нақлиёти моро ҳам боздоштанд. Ман, ки мусофир будам, ба кори онҳо бодиққат нигаристам. Як чиз таваҷҷуҳамро бештар ҷалб кард: нозири роҳ ҳамаи мошинҳои ҳарду самти ҳаракати роҳро манъ карда, аз онҳо ҳуҷҷат мепурсид, вале тааҷҷубовар он буд, ки бо ҳар баҳона аз ронандаҳо маблағ меситонданд. Ронандаи мо, ки марди бегона буд, аз ин рафтори онҳо асабонӣ шуда, ҳамроҳашон дурудароз баҳс кард. Дидам, ки ҳеҷ як кадомашон ором намешаваду корманди БДА моро ҳоло боз нигоҳ доштанист, аз мошин фаромадаму ба наздашон рафтам. Аслан, сабаби аз мошини фаромадани мани мусофир ҳавои гарми дохили мошин буд, ки нафасгирам мекард. Аммо нозири роҳ ба ин ҳама эътибор надода, худро қонундон мешумориду беҳуда ронандаҳоро “ҷарима” мебаст. Баҳси ӯ ва ронанда гарм буд. Ба наздашон расида, салом додаму як 10 сомонаро аз ҷайбам бароварда, рӯи китобчаи дар дасташбуда, партофтам. Шояд гумон кунед, ки ман дидаву дониста қонуншиканӣ намудам? Не! Нозир ронандаи моро барои фурӯзон нашудани ишорамарҷааш (аварийная освещения) 170 сомонӣ ҷарима баста, талаб дошт, ки худи ҳамон лаҳза бурда, маблағро ба филали “Амонатбонк” супорад. Аммо мо имкони бозгашт надоштем. Санҷидан хостам, ки оё нозир бар ивази 10 сомонӣ аз баҳри ҷаримаи ҳангуфташ мегузарад ё воқеан ҳам ба қонун эҳтиром дораду онро риоя менамояд. Аммо ... Аз ӯ хостам, ки беҳуда додувой накарда, маблағро гираду ҳуҷҷатҳоямонро диҳад, то зудтар ба маконамон рафта расем. Аз ин “иқдом” – и гирифтаи ман дар лабони нозири пулдӯстдори киссағафс табассум гул карду даррав ҳуҷҷатҳоро ба дасти ронанда дода, ҷониби ман ишора карда, “мардиро аз ин ҷавон омӯз” гуфт ва моро ҷавоб дод. Ҳайратовар аст, ки ин тоифа нозири ошиқи пул агар то бегоҳ тахминан 100 мошинро нигоҳ дошта, аз ҳар кадоми онҳо 10 сомонӣ маблағ истонад, 1000 сомонӣ кор кунад, ҷаримаҳоро кӣ месупораду риоя ва волоияти қонун дар куҷо мемонад? Акнун аз танбашавии роҳ дар гузаргоҳи ин нозири муҳтарам чизе нашояд гуфт, зеро воқеан гиряовар аст. Баъди бозгаштан ба назди нақлиётамон аз се ронандаи дигар ҳам, ки дар шафати мо мошинҳояшонро нигоҳ дошта, бо сабаби “раҳм” – и нозир аз ҷарима халос шуда буданд, “инҳо чанд пул меситонанд?”, - гуфта, пурсидам. Ин ронандаҳо, ки муқимӣ буданду самташон ҷониби истироҳатгоҳ буд ва қавонини ин дохил хуб ошноӣ доштанд, яке 20 ва дутои дигараш 30 сомонӣ барои надоштани ишорамарҷаъ (ҳамон айби ба гардани мо боршуда) ба хазинаи инфиродии (киссаи) нозир дода, ҷони ҳуҷҷатҳояшонро халос карданд. Донистан мехоҳам, ки ин ду нозири шикамкалон чӣ ҳақ доранд, мошинҳои самти истироҳатгоҳро бе далелу бурҳон (айб фақат сари ишорамарҷаъ аст, ки гӯё мошин ҳамин қадар таҷҳизот дошта бошад) нигоҳ дошта, аз ҳар кадоми онҳо бо ҳар баҳона маблағ ситонанд? Муҳтарам нозирони минтақаи Қаратоғ бояд макидани хуни мардуми бечораро бас кунанд. Онҳо ронандаҳоро бояд назорат баранд ё дар ин макони сайёҳӣ кассаи шахсии худро насб карда, пули бе дарди миён кор кунанд? Аз масъулини соҳа эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки як маротиба ба ин мавзеъ гуруҳи санҷшии корӣ ташкил карда, тафтиш намоянд, ки зердастони пулхӯри он ҷо мардумро чӣ гуна шикор карда, киссаҳояшонро холӣ мекунанд. Рафту он ҷо сайёҳе (Қаратоғ мавзеи сайёҳист!) ташриф орад, ин рафтори онҳоро дида, чӣ мегуфта бошад? Ман гӯям? Механдад, қаҳ – қаҳ мезанад ва ҳатто рӯдакан мешавад аз хандаи зиёд. P. S: Ман он чизеро рӯи ин саҳифа коштаам, ки бо чашмони сарам дида, худам шоҳиди бевоситаам. Боқӣ, қазоват ба хонандаву муҳтарам нозирон аст. подробнее тдж:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.