расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Бонки исломии “Тавҳидбонк” ба сатҳи байнулмилалӣ мебарояд

. / Иқтисодиёт

Бонки исломии “Тавҳидбонк” ба сатҳи байнулмилалӣ мебарояд

Мавқеъ пайдо кардан дар бозори Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввал унвон мешавад.

Сурат: gdb.rferl.org
Раҳбарияти “Тавҳидбонк” дар бораи муваффақона табдил ёфтан аз бонки маъмулӣ ба исломӣ хабар дода, соли 2021 ният дорад, ки ба сатҳи байнулмилалӣ роҳ ёбад.
“Мо аввалин бонки исломиро дар Тоҷикистон таъсис дода, ният дорем, ки яке аз беҳтарин бонкҳои исломӣ дар минтақа шавем”, - изҳор доштааст раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов.
Бино ба арзёбии ӯ, марҳилаи аввал “комилан пурсамар” тай шуда, дар ҷараёни он бонк “эътимоднокӣ ва самаранокии бесобиқаро нишон дод ва яке аз кафилони суботи низоми молиявии кишвар гардид”.
Ӯ қайд мекунад, ки дар марҳилаи минбаъда бонк рушди рақобатпазирӣ ва афзоиши тиҷоратро “бар асоси татбиқи маҷмӯи қарорҳои молиявии исломӣ, ҷорисозии хизматрасониҳои муосири рақамии бонкӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои навтарин” ба нақша гирифтааст.
Шералӣ Зардовtawhidbank.tj
“Бозор ва хавфу имконоти имконпазири рушдро меомӯзем, лекин ба мо на талаботи бозор, балки талаботи мизоҷ муҳимтар аст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки захираҳои озод ва истифоданашудаи молиявии худро, ки дар дасти аҳолӣ нигаҳдорӣ мешавад, сафарбар намуда, гардиши қонунии бонкӣ ва сармоягузорӣ, инчунин фоида аз онҳоро бо риояи комили қоидаҳои шариат, назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавии мизоҷон таъмин намоем”, - таъкид мешавад дар изҳороти Шералӣ Зардов.

Дар фарҷом ӯ илова намудааст, ки ҳадафи минбаъдаи “Тавҳидбонк” то соли 2023 табдилёбӣ аз тамға (бренд)-и миллӣ ба байнулмилалӣ аст.
ҶСК “Тавҳидбонк” аввалин ва ягона бонки мукаммали исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба амалисозӣ ва истифодаи маблағгузории исломӣ дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки милии ҷумҳурӣ оғоз кард.
Ба амалиёти фаъоли маблағгузории исломӣ  ҶМК “Тавҳидбонк” аз моҳи январи соли 2020 шурӯъ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.